Миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ташкилотҳои хурди молиявии «Арванд», «Ҳумо ва шарикон», «Оксус» ва «Феникс+» оид ба пешниҳоди воситаҳои қарзӣ ҷиҳати ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба захоири молиявӣ дар деҳоти Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, қарзҳои пешниҳодшудаи ташкилотҳои мазкур дар ҳаҷми умумии 4,5 млн. Евро аз ҷониби ҳукумати Олмон дар асоси бурсӣ ҷудо карда шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин воситаҳо мутобиқи тавофуқномаҳое, ки зимни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Бонн ҳосил шудаанд, дастрас мегарданд.
«Ҳукумати Олмон кӯмаки мазкур ба Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Рушди низоми молиявӣ дар манотиқи деҳот ҷудо кард, - гуфтанд дар Вазорати рушди иқтисод. – Барнома ба таҳкими мунтазами бахши молиявии хурд тавассути дастгирии муассисаҳои хурд ва миёнаи молиявӣ равона шудааст. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа – беҳбуди дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ аст».
Интизорӣ меравад, ки дар доираи татбиқи лоиҳа минбаъд низ маблағгузории Олмон идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста