Бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумотҳо байни мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ва дигар соҳаҳо дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат қайд гардид, ки барои ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва дуруст ба роҳ мондани табодули электронии маълумот байни мақомотҳои зикршуда нахуст лозим аст, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба он мутобиқ карда шавад.
Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур ҳамзамон гурӯҳи корӣ лоиҳаи Дастурамал Дар бораи тартиби сабти рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзҳои гурӯҳбандии даромадҳои андозиро дар супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми гузаронидани маблағи андоз ба буҷети давлатӣ тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бобат пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои судманд арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки Дастурамали мазкур дар асоси моддаҳои 45, 79 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали Бонки Миллии Тоҷикистон “Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст.
Ба ғайр аз мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат миёни Вазорати корҳои дохилӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Шабакаи ягонаи иттилоотиро роҳандозӣ хоҳанд намуд, ки ин омил барои дастрасии маълумотҳои дақиқу зарурӣ барои назорати минбаъдаи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андозии андозсупорандагон мусоидати амиқ менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста