Ахири ҳафтаи гузашта як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз «Россельхозбанк»-и Русия боздид карда, бо мақомоти раҳбарии он мулоқот орост.
Тавре хадамоти матбуоти «Россельхозбанк» хабар медиҳад, дар мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳо дар бахши дастгирии молиявии комплекси агросаноатӣ, рушди амалиётҳои байнибонкӣ миёни ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла хизматгузории бонкӣ ба гардиши савдои хориҷӣ баррасӣ шудаанд.
«Бо мақсади роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни «Росселхозбанк» ва ҳукумати Тоҷикистон раиси раёсати бонки мазкур Дмитрий Патрушев ва Муродалӣ Алимардон созишномаеро ба имзо расониданд, ки дар он шартҳои умумии аз ҷониби бонк маблағгузорӣ шудани амалиётҳои содиротиву воридотии мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» бо шумули харидани техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаи дахлдори истеҳсоли Русия муайян карда шуданд», - гуфта мешавад дар сомонаи расмии бонк.
Қобили зикр аст, ки ҶСК «Российский сельскохозяйственный банк» (Россельхозбанк) яке аз бонкҳои бузурги Русия маҳсуб меёбад. Давлат молики 100%-и саҳмияҳои бонк аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста