ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» эълом дошт, ки ҳамкориҳои бонк бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) дар доираи амалисозии лоиҳаи қарздиҳӣ ба тиҷорати хурди миёна ба анҷом расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, шурӯъ аз семоҳаи ахири соли 2009 то ахири сои 2011 «Тоҷиксодиротбонк» яке аз иштирокчиёни асосӣ дар амалисозии лоиҳаи БТРА оид ба қарздиҳӣ ҷиҳати рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Лоиҳа бо дастгирии техникии ширкати консалитингии швейтсарии «BFC» амалӣ гардид.
«Лоҳаи БТРА дар бонки мо муваффақона амалӣ гардид ва пас аз анҷоми он, мо минбаъд низ ба қарздиҳӣ ҷиҳати рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон саҳмгузор хоҳем буд», - гуфт муовини сардори Раёсати қарздиҳӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур бо «Тоҷиксодиротбонк» Далер Икромов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни татбиқи лоиҳа шабакаи филиалҳои бонк дар саросари ҷумҳурӣ ба таври назараррас афзоиш ёфта, дар сохтори ташкилӣ ва фаъолияти бонк тағйироти мусбат сурат гирифтанд.
«Дар ҳамдастӣ бо мутахассисони «BFC» низоми нави ҳавасмандсозии кормандон дар бахши қарздиҳӣ ба тиҷорати хурду миёна, пешниҳодот оид ба сохтори нави тадорукотии Раёсати қарздиҳии бонк таҳия гардида, шаклҳои нави баҳодиҳӣ ба мизоҷон ва тартиби таҳлили молиявӣ ҷорӣ шуданд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста