Сафири Покистон дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Бисёл имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки ояндаи наздик дар пойтахти Тоҷикистон намояндагии яке аз бонкҳои бузурги тиҷоратии Покистон – «Ҳабиббонк» боз мешавад.
Ба қавли вай, ҷонибҳоро мувофиқасозии як қатор масоили техникӣ зарур асту халос. «Ғайр аз ин, Бонки миллии Покистон, ки бонки давлатии тиҷоратӣ аст, низ ба ифтитоҳи намояндагии худ дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир сохт», - зикр кард дипломат.
Дар идома сафири Покистон гуфт, кишвараш аз лоиҳаҳое, ки роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳани давлатҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эронро ба ҳам мепайванданд, пуштибонӣ хоҳад намуд.
«Мо бо мақомоти раҳбарии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфтушунид доштем ва тибқи натиҷаҳои он, метавонам бигӯям, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбеву Исломобод мунтазам сурат хоҳад гирифт», - афзуд сафир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста