Ангишт ҳамчун ашёи хоми дорои технологияи баланд метавонад вобастагии Тоҷикистонрор аз воридоти газ ва маҳсулоти нафтӣ кам созад, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва навъҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Баҳриддин Абдураҳимов.
Б.Абдураҳимов мегӯяд, дар Тоҷикистон захираҳои зиёди саноатии навъҳои гуногуни ангишт мавҷуд буда, то имрӯз беш аз 36 кони ангишт ошкор ва қисман мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
«Тайи солҳои ахир 80 корхонаи саноатии хиштбарорӣ, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1 корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази гаронбаҳову нерӯи барқи камчин ба истифодаи ангишти бештар сарфанок гузаштанд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, имрӯз корхонаҳои истихроҷи аништи кишвар талаботи бахшҳои гуногуни иқтисоду ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонанд ва аз ин рӯ, дар навбати аввал ба рушди саноати истихроҷи ангишт мебояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Бо ин мақсад ва ҳамчунин таъмини аҳолӣ бо ангишт аз соли 2011 тарзи кушоди истихроҷи ангишт истифода мешавад ва имрӯз шумори чунин корхонаҳо дар ин самт ба 12 адад расид, - гуфт номбурда. – Шумори умумии корхонаҳои амалкунанда дар ин бахш 14 ададро ташкил медиҳад, ки 8-тоаш корхонаҳои хусусӣ мебошанд».
Номбурда ҳамчунин гуфт, ширкатҳои як қатор давлатҳои хориҷӣ тӯли се сол дар бахши истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ фаъолият дошта, то ҳанӯз ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозанд ва дар кашфу коркарди конҳои ангишт то имрӯз беш аз 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намудаанд.
«Соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт 236,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2001 11,5 маротиба бештар буда, маблағи умумии ангишти истихроҷшуда 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод», - гуфт ӯ.
Дар идома Абдураҳимов изҳор кард, ки минбаъд дар ҷумҳурӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар заминаи ашёи хоми кони ангишти Зиддӣ ва МБН дар заминаи кони ангишти Фон-Яғноб дар назар аст. Дар заминаи кони ангишти Сайёд бо мақсади дастрас кардани сӯзишвории навъҳои моеи сунъӣ ва газшакл сохтмони корхонаи коркарди ангишт бо иқтидори 275 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста