Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии DWM Petroleum (муассиси корхонаи муштараки «Сомон Ойл»-и Тоҷикистону Швейтсария) мулоқот орост.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҷараёни корҳои иктишофии нафту газ, ки корхонаи «Сомон Ойл» дар қаламрави Тоҷикистон доир месозад, баррасӣ шуданд.
Гул Шералӣ вусъат бахшидани корҳои иктишофӣ ва дар фурсати наздиктарин омода сохтани майдонҳои ояндадор барои пармакуниро таъкид намуд.
Дар навбати худ намояндагони DWM Petroleum зикр карданд, ки ширкат тавассути «Сомон Ойл» баҳри тезонидани корҳои иктишофӣ ва пармагарӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.
Дар Вазорат қайд карданд, ки КМ «Сомон Ойл» то имрӯз корҳои ҷустуҷӯву иктишофиро дар майдони 600 километр анҷом додааст. Корҳои иктишофӣ дар маҷмӯъ дар майдони 850 километр гузаронида мешаванд.
Дар вазорати мазкур ҳамчунин гуфтанд, таҳияи лоиҳаҳо оид ба баргузор намудани корҳои пармакунӣ дар арафаи анҷомёбианд.
Ёдрас мекунем, ки КМ «Сомон Ойл» корҳои иктишофию геологиро дар майдони нафтугаздори «Супетови Шарқӣ»-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд анҷом медиҳад. Ширкат барои анҷоми корҳо ба муддати ҳафт сол иҷозатнома гирифтааст. Қаблан дар ин минтақа ҳеҷ гоҳ канданиҳои фоиданок ва маводи сӯзишворӣ истихроҷ нагардида буданд.
Тибқи баъзе маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи азхудкунии майдони Супетови Шарқӣ дар ноҳияи Ашт дар ҳаҷми умумии 56 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ зарур аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста