Рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2011 ва дурнамо барои соли 2012 аз мавзӯъҳое буданд, ки дар рафти вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Роҳбари ҳайати расмии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Тодд Шнайдер ва Намояндаи доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ари Айзен мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ХБА ахири ҳафтаи гузашта ҷиҳати баргузории Гузориши шашум ва охирини рафти иҷрои қарордоди сесола бо Тоҷикистон дар доираи барномаи «Механизми қарзии васеъ» бо сафари дуҳафтаина ба Тоҷикистон ташриф овард. Тибқи ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо кардани ҳудуди 165 млн. доллари ИМА пешбинӣ мешавад. Ин воситаҳо ҷиҳати дастгирии захираҳои байнулмилалии Бонки миллии кишвар ба ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд. Барномаи сесолаи «Механизми қарзии васеъ» аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА моҳи апрели соли 2009 маъқул шуморида шуда буд.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур Тоҷикистон аллакай 141 млн. $ маблағ гирифта, қисмати ахири он дар ҳаҷми тақрибан 24 млн. доллари ИМА то моҳи апрели соли равон дастрас карда мешавад. Меъёри фоизии ин қарзҳо ба сифр баробар буда, қарз ба муддати 10 сол бо давраи имтиёзноки панҷсола пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл намояндагии ХБА ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) кумаки молиявӣ ба Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби барномаи нав, ки моҳи апрели соли равон оғоз мегардад, идома медиҳад.
Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен изҳор карда буд, ки доир ба барномаи нав бо ҳукумати ҷумҳурӣ гуфтушунид шуда, ҳукумат ба дастгирии минбъдаи хазина манфиатдор аст.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки шакл ва моделҳои расонидани кумак ба ҷумҳурӣ моҳи феврали соли равон зимни сафари ҳайати ХБА ба Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста