Филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи механизми толлингии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ масъул аст, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват ба амал овард, ки бинобар сабаби фаромадани тарма зимни ҳаракат тавссути ин роҳ эҳтиёткору ҳушёр бошанд.
Бино ба маълумоти ширкати мазкур, тибқи пешгўии ҳавошиносон ва мушоҳидаҳои мутахассисони Филиал шурўъ аз нимаи дуюми моҳи феврал дар аксари минтақаҳои кўҳистон, аз ҷумла роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак мавсими тармафароӣ оғоз меёбад. «Ба ин хотир аз истифодабарандагони роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак боэҳтиёт бошанд», - зикр мегардад дар хабари ширкат.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл дар минтақаи Зарафшон дар қитъаи аз К152 то К160 дар 6 ҷой фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа ҳаракати мўътадили нақлиёт халалдор гардида буд.
Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва таъмини ҳаракати бемамонияти нақлиёт ба ҷойи ҳодиса 1 адад грейдер ва 1 адад боркунаки фронталӣ сафарбар карда шуд. Кордонии устоҳову коргарони роҳ имкон дод, то роҳ сари вақт аз барфу тарма тоза карда шавад.
Феълан ҳаракати нақлиёт дар тамоми қитъаҳои роҳи минтақаи Зарафшон таъмин буда, зери назорати қатъии шабонарўзии роҳбарияти минтақа қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста