Дар Душанбе зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷиддинов бо роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор Тодд Шнайдер масоили ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои буҷети давлатӣ, хароҷот ба этиёҷоти иҷтимоӣ, қарзҳои дохилӣ, андешидани чораҳо оид ба афзудани даромад ва сиёсати умумии молиявиро баррасӣ карданд.
Дар рафти вохӯрӣ Т.Шнайдер оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои пешгӯишавандаи сиёсати фискалӣ ва макроиқтисодӣ ибрози андеша намуд.
Ҷонибҳо атрофи масъалаҳоии сиёсати андозбандӣ, аз ҷумла таҳияи Кодекси нави андоз, ҳолат ва дурнамои пардохти қарзи беруна, мувофиқи мақсад будани роҳандозии низоми ягонаи хазинадорӣ ва сатҳу сифати муносибатҳои кишвар бо созмонҳои дигари байнулмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои бонкӣ табодули афкори судманд намуданд.
Вазири молияи Тоҷикистон ба роҳбари гурӯҳи ХБА барои ҳусни тафоҳум ва дастгирӣ миннатдорӣ баён карда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба бо ХБА дар ҳоли рушди доимӣ қарор хоҳанд дошт.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ХБА ахири ҳафтаи гузашта ҷиҳати баргузории Гузориши шашум ва охирини рафти иҷрои қарордоди сесола бо Тоҷикистон дар доираи барномаи «Механизми қарзии васеъ» бо сафари дуҳафтаина ба Тоҷикистон ташриф овард. Тибқи ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо кардани ҳудуди 165 млн. доллари ИМА пешбинӣ мешавад. Ин воситаҳо ҷиҳати дастгирии захираҳои байнулмилалии Бонки миллии кишвар ба ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд. Барномаи сесолаи «Механизми қарзии васеъ» аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА моҳи апрели соли 2009 маъқул шуморида шуда буд.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур Тоҷикистон аллакай 141 млн. $ маблағ гирифта, қисмати ахири он дар ҳаҷми тақрибан 24 млн. доллари ИМА то моҳи апрели соли равон дастрас карда мешавад. Меъёри фоизии ин қарзҳо ба сифр баробар буда, қарз ба муддати 10 сол бо давраи имтиёзноки панҷсола пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста