Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вохӯрии вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Меҳмет Мунис Дирик баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози мулоқот Ш.Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.
Меҳмет Мунис Дирик дар навбати худ иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки ҳиссаи Туркия дар гардиши умумии савдои ҷумҳурӣ дар соли 2011 13,9 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, гардиши умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркия дар соли 2011 ба 619,1 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 182,3 млн. доллар бештар аст.
Содирот нисбат ба воридот 468,7 миллион долари ИМА зиёдтар гардид ва асосан аз алюминийи аввалия, қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои парвозкунанда, нахи пахта, ришта ва пӯсти коркарднашуда иборат мебошанд.
Дар соли 2011 маблағи содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия ба 543,9 миллион доллари ИМА баробар гардид. Воридот асосан аз гӯшти ҳайвони калони шохдор, гӯшти парранда, маҳсулоти қаннодӣ, доруворӣ, қоғаз, қолинҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, маргарин ва банан иборат буда, маблағи умумии он дар соли сипаригашта ҳамагӣ 75,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста