Шуруъ аз 1-уми апрели соли равон Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ месозад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо ирсоли як мактуб ба ҳамтоҳои тоҷики худ мақомоти масъули Ӯзбекистон қатъи интиқоли газро ба нокофӣ будани захираҳои он рабт додаанд.
«Аммо ба ин шарҳу тавзеҳот розӣ шудан мушкил аст, зеро айни замон ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзии газ дар Ӯзбекистон беш аз 200 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин ба ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар тамоми муддати соли 2012 баробар аст», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи санаи 5-уми январи соли равон баимзорасида миёни «Ӯзбектрансгаз» ва «Тоҷиктрансгаз», ҳаҷми интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ дар соли равон 200 млн. метри мукааб ва ҳаҷми кафолатноки интиқол дар семоҳаи аввали сол 45 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ба пиндори манбаъ, дар асл чунин амали Ӯзбекистонро метавон ба ҷой доштани ихтилофҳо миёни ҷонибҳо дар масъалаи сарбанди обанбори Фарҳод дар шимоли Тоҷикистон марбут донист.
«Соли 1933 қаламрави обанбори Фарҳод ба муддати 40 сол ба Ӯзбекистон ба иҷора дода шуда буд. Ҳарчанд ин муҳлат кайҳо гузашта бошад ҳам, кишвари ҳамсоя хоҳиши баргардонидани онро надорад. Феълан Ӯзбекистон ният дорад, ки сарбанд ва обанборро ба ихтиёри ху гирад, вале ҷониби Тоҷикистон алҳол ба ин розӣ нест», - изҳор дошт сарчашма.
Дар ҳамин ҳол, дар ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилои қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон аз 1-уми апрели соли равонро рад насохта, вале аз ҳама гуна шарҳ дар ин бобат худдорӣ карданд.
Бино ба маълумоти ҶСК «Тоҷиктрансгаз», сар аз соли равон ба ҷумҳурӣ аз Ӯзбекистон 41 млн. метри мукааб газ ворид шудаст. Маблағи газ барои семоҳаи аввали соли равонро Тоҷикистон пурра пешпардохт намуда, тибқи созишнома, то ахири моҳ боз 4 млн. метри мукааб газ интиқол дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста