Сарфи назар аз гарм шудани обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми маҷрои оби рӯдхонаи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои асосии барқии кишвар ҷойгиранд, рӯзҳои наздик лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҳаҷми ҷоришавии об дар дарёи Вахш 193 метри мукааб дар як сонияро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 28 метри мукааб камтар аст.
Ба қавли Ёдгорӣ, айни замон сатҳи оби обанбори Норак 859,10 метрро ташкил дода, то нуқтаи ниҳоии техникӣ 2,10 метр об боқӣ мондааст.
«Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ахири моҳи март ва аввали моҳи апрел боз аз сардшавии обуҳаво дар саргаҳи дарёи Вахш интизорӣ меравад ва аз ин рӯ, аз замони дақиқи бекор шудани лимити истифодаи барқ наметавон ҳарф зад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, номбурда бо итминон гуфт, феълан масъалаи ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе дигар мавриди баррасӣ қарор надорад.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори ҳукумат, шурӯъ аз 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат бо барқ таъмин карда мешуданд.
Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардида буд. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 2-3 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
bedil30 март, 2012 22:44
когда престанут вороват
одам 29 март, 2012 11:26
то кайя дар точикистон поблемахои свет давомметиа и чихели зиндаги хай ки 2 соат сивет метиан хаминам соз наметиан акалан об намебиод ина вахти кишти кори мар шуд ина сивет даркорай ки насосо об кашан свет нест об нест чихел кишти кори мекнем ихели ба зиндаги када мешаами
шухрат 27 март, 2012 11:13
подшохеро пурсидан, ки чанд рузи дигар хукумрон мекуни, дар чавоб гуфт то набераи таваллуд нашудаам