Ширкати миллии холдингии «Узбекнефтегаз» дар робита ба маълумоти дар ВАО чопшуда бобати аз 1-уми апрел пурра қатъ гардидани интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон як изҳорот интишор кард.
Ҳамин тариқ, дар изҳороти мазкур гуфта мешавад, мутобиқи банди 2.2-и қарордоди баимзорасида миёни ширкати саҳҳомии «Узтрансгаз» (сохтори фаръии «Узбекнефтегаз») ва «Тоҷиктрансгаз», ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 45 млн. метри мукааб танҳо дар семоҳаи аввали соли равон кафолат дода мешуд.
«Уҳдадориҳои вогузоршуда ба ҷонибҳо тибқи қарордоди мазкур пурра ба анҷом расиданд ва ҳар гуна буҳтонҳои фармоишӣ дар робита ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд», - хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Узбекнефтегаз».
Ёдрас мекунем, ки пас аз сафари як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ба Ӯзбекистон, дар таърихи 5-уми январи соли 2012 миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли газ ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расида буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста