Дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъминоти нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёрмаҳмад Бегаҳмадов хабар дод, соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 70,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор тонна камтар аст.
«Дар ҳамин ҳол, камбуди бензин дар бозор ба мушоҳида намерасад, зеро ҳаҷми воридоти гази моеъ афзуда, аксари воситаҳои нақлиёт ба истифодаи ин намуди сӯзишворӣ мегузаранд», - гуфт вай.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ беш аз 4 маротиба афзуда, 15 ҳазор тоннаро ташкил додааст. «Гази моеъ асосан аз Қазоқистон дастрас гардида, айни замон панҷ ширкат – «Фароз», «Зетгаз», «Тоҷирон», «Газромнефт-Тоҷикистон» ва «Муҳаммад Пӯлод» ба воридоти он ҳамчунин аз Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия низ машғуланд», - гуфтанд дар вазорат.
Зикр гардид, ки дар ин давра ҳамчунин воридоти сӯзишвории дизелӣ низ афзуда, ҳаҷми он аз 17,5 ҳазор тоннаи ҳамин давраи соли гузашта то ба 19,4 ҳазор тонна расонида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста