Дар корхонаи бузургтарини истеҳсоли сементи Тоҷикистон – «Тоҷиксемент» бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ истеҳсолот боздошта шуд.
Ба гуфтаи муовини директори корхонаи «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов, то моҳи апрел дар корхона ҳамарӯза то 600 тонна семент истеҳсол мегардид. «Аз 1-уми апрел интиқоли газ ба корхона қатъ шуд, ки ин боис ба қатъи кори мо гардид», - гуфт вай.
Ба эътиқоди Ҳакимов, коргарони корхона ҳамарӯза ба кор меоянд ва ҳанӯз дар бораи ихтисори ҳайати шахсии корхона сухан намеравад, ҳарчанд чунин вазъ ба руҳияи онҳо бетаъсир намонд.
«Мо дар ҳаҷми 16 ҳазор тонна семент захира кардем ва фикр мекунам, ки фурӯши он барои ду моҳ кифоя аст, - гуфт муовини директор. – Ман ба ин боварам, ки масъалаи барқарор кардани интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба таври мусбат ҳал мешавад».
Дар робита ба масъалаи болоравии нархи маҳсулот Ҳакимов иброз дошт, ки мавҷуд набудани гази табиӣ ва қатъи истеҳсолот ба нархи семент таъсир нарасонида, он дар сатҳи пештара – барои1 тонна 950 сомонӣ (199 $) боқӣ мемонад. «Вале бинобар сабаби болоравии қимати барқ нархи семент низ шояд андаке зиёд шавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, дар корхона муддати як соат 10-11 метри мукааб гази табиӣ истифода мешуд, ки арзиши он 375 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медод.
Дар робита ба масъалаи гузаштани корхона ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишворӣ Ҳакимов гуфт, бидуни гузаронидани ташхиси экологӣ, ҳалли масоили маблағгузорӣ, омӯзиши мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти нав ҳалли ин масъала ғайриимкон аст.
Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо истифода мешаванд.
Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста