Кормандони Вазорати молияи Тоҷикистон бо таҷрибаи ҳамтоҳои гурҷии худ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ аз наздик ошно гардиданд.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Тифлис дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи PEMPAL оид ба мавзӯи «Хизматгузории молиягузории берунӣ дар хазинадорӣ» семинар баргузор шуда, дар кори он кормандони мақомоти молияи 10 кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар масоили марбут ба пешбурди ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ матраҳ шуданд.
«Иштирокчиёни семинар бо ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар соҳаи молияи Гурҷистон, ки аз ҷониби Хадамоти хазинадории ин кишвар татбиқ мешавад аз наздик шинос шуданд, - зикр карданд дар Вазорати молия. – Иштирокчиён ба низоми пешниҳоди хизматгузории электронии Хазинадории давлатии Гурҷистон, тарзи фаъолияти он ва ҳамчунин ба масоили марбут ба роҳбарӣ ва баҳисобгирии лоиҳаҳои аз ҷониби кишвару созмонҳои мададрасон амалишаванда таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд».
Зикр гардид, ки дар ҷараёни кори семинар иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки дар бахши таҷдиди низоми миллии хазинадории давлатҳо табодули афкори судманд намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста