Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Роҳбари Раёсати Агентии энергетикии «Дена»-и Олмон Ҷаноби Штефан Коллер баргузор гардид.
Чуноне аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти бахшҳои мухталифи энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат Штефан Коллер қайд кардааст, ки мулоқоти баргузоргаштаи соҳибкорони олмонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳум бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби бештари ширкатҳои олмонӣ ба соҳаи энергетикии Тоҷикистон тадриҷан заминаҳои мусоидро фароҳам оварда шавад ва фаъолияти самараноки онҳо дар татбиқи лоиҳаи ин соҳаи муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон таъмин гардад. Аз ин дидгоҳ, ӯ таъкид намудааст, ки ширкатҳои энергетикии Олмон алоқаманданд, ки Агентии энергетикии Олмон дар барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ бо вазорату муассисаҳои марбутаи Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар татбиқи муштараки лоиҳаҳои энергетикӣ иқдомҳои заруриро роҳандозӣ кунад.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста