Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 млрд сомонӣ (беш аз 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14,6% ё худ ба маблағи 250 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат 91,1 млн. сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ - 173,3 млн. сомонӣ ва бахши хусусӣ - 31,8 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.
Дар ҳамин давра корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ҳамагӣ ба маблағи 27,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.
Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2012 ба маблағи 184,5 млн. сомонӣ (9,4%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1285,7 млн. сомонӣ (65,7%) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Боқимонда 486,5 млн. сомонӣ (24,9%) ба истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста