Имрӯз дар толори конфронсии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» мизи гирд доир мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумита хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ маблағгузорӣ шуда, аз тариқи СҶ «Рушди деҳот» ва аъзои шабакаи Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
«Суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарикӣ: таҷриба ва дурнамои афзун кардани огоҳии ҳуқуқии намояндаҳои соҳибкории хурду миёна» баргузор мегардад», - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Бино ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбати мизи гирд масоили сетарафаи ҳамкорӣ, таҳким ва тавсеаи робита бо мақомоти ҳукуматӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва сектори хусусӣ оид ба афзун кардани огоҳии ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин натиҷаи фаъолият ҳангоми амалӣ шудани лоиҳа муаррифӣ карда мешавад.
Маълумот: Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи апрели соли 2012 амалӣ гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста