Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо роҳбари Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс» Евгений Козик масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Украина, дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили роҳандозии робитаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла таъмини Тоҷикистон бо техникаи мошинсозии истеҳсоли Украина, ҳамкорӣ дар таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва сохтмони иншооти саноатии муштарак матраҳ шуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс» як қатор корхонаҳои саноати мошинсозиро муттаҳид сохта, дар кори таҳия, истеҳсол ва насби таҷҳизоти энергетикӣ, аз ҷумла насби таҷҳизот дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, генератор, трансформатор ва таҷҳизоти гидромеханикӣ аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор аст.
Дар ҷараёни мулоқот Евгений Козик изҳор кард, ки корхона ба ифтитоҳи намояндагии худ дар Тоҷикистон ва иштирок дар корҳои иваз намудани таҷҳизот дар нерӯгоҳҳои барқии Норак, Бойғозӣ, Қайроққум, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистн омода аст.
Қобили зикр аст, ки айни замон намояндагиҳои Корпоратсияи миллии «Важмашимпекс»-и Украина дар Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Эрон фаъолият дошта, ояндаи наздик боз кардани чунин намояндагиҳо дар Туркманистону Чин ва Вйетнам дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста