Ба корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дигар гази ӯзбекӣ лозим нест, - гуфт мудири шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдории Хуҷанд Абдураҳим Солиев.
Ба гуфтаи вай, пас аз рӯйи кор омадани мушкилоти интиқоли гази Ӯзбекистон ба вилояти Суғд, тайи ду соли ахир корхонаҳои саноатӣ, ки газро ҳамчун маводи сӯзишворӣ истифода мекарданд, ба маводи сӯхти алтернативӣ, аз қабили мазуту сӯзишвории дизелӣ ва ангишт гузаштаанд.
«Аз 62 адад корхонаҳои саноатии шаҳр 15-тоашон гази хориҷиро истифода мекарданд, вале айни замон онҳо аз истифодаи гази ӯзбекӣ даст кашидаанд», - мегӯяд Солиев.
Ба қавли номбурда, интиқоли гази Ӯзбекистон 31-уми март қатъ гардида, то ин дам бо он ҳамагӣ ду нуқтаи газпуркунии шаҳр таъмин мешудаанд.
«То қатъи интиқоли газ ба вилояти Суғд аз Ӯзбекистон дар як шабонарӯз аз 2200 то 4000 метри мукааб газ дода мешуд ва аҳолӣ бо он таъмин набуд», - гуфт ӯ.
Солиев мегӯяд, имрӯз ҳам ба вилоят аз Ӯзбекистон газ интиқол дода намешавад. «Муҳлати дубора барқарор шудани интиқоли он ба ман маълум нест. Шояд рӯзҳои наздик он барқарор гардад, зеро шаҳри Турсунзода айни замон бо он таъмин аст», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста