Росселхознадзор сабабҳои аз 16-уми апрел муваққатан манъ кардани вуруди маҳсулоти растанӣ ба Русия дар бағочи дастии мусофирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро шарҳ дод.
Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии Росселхознадзор гуфта мешавад, шуруъ аз соли 2011 ин ниҳод мақомоти ваколатдор дар соҳаи карантини растаниҳои се кишвари дар боло зикршударо се маротиба огоҳ кардааст, ки дар маҳсулоти таҳти назорати карантинӣ қарордоштае, ки мусофирон тавассути бағочи дастӣ ба Русия ворид месозанд, объектҳои карантинӣ ошкор шудаанд ва дар сурати тадбирҳои пешгирӣ накардани он, чораҳои фитосанитарӣ шадидтар карда мешаванд.
«Сарфи назар аз ин, дар робита ба ин масъала аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишварҳо тадбирҳои зарурии пешгирӣ андешида нашуданд ва вуруди маҳсулоти таҳти назорати карантинӣ қарордошта дар бағочи мусофирон идома дошт», - омадааст дар изҳорот.
Бино ба маълумоти Росселхознадзор, аз аввали соли 2011 то моҳи марти соли 2012 беш аз 360 ҳодисаи ошкор шудани объектҳои карантинӣ дар маҳсулоти тавассути бағочи мусофирон аз ин кишарҳо воридшаванда ошкор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти нозироти давлатӣ оид ба фитоснитария ва карантини растаниҳои Вазорати кишоварзии ҶТ Ворис Мадаминов мегӯяд, дар ин хусус ба онҳо аз Росселхознадзор мактуби расмӣ нарасидааст, вале бо чораҳои андешидаи ин ниҳод онҳо аз сарчашмаҳои дигар шинос шудаанд.
Мадаминов ҷой доштани мушкилоти ба Русия аз Тоҷикистон тавассути бағочи мусофирон ворид шудани маҳсулоти растании таҳти назорати карантинӣ қарордоштаро эътироф карда изҳор мекунад, ки аксари мусофирон ҳангоми аз қайд гузаштан ба нозирони хадамот дар бораи дар бағочашон мавҷуд будани маҳсулоти растании таҳти назорати карантинӣ қарордошта хабар намедиҳанд.
«Дар тамоми фурудгоҳу вокзалҳо нозирони хадамоти мо фаъолият дошта, дар сурати аз ҷониби мусофирон ба ташхис пешниҳод намудани маҳсулоти растании дар бағоч мавҷудбуда, ки таҳти назорати карантинӣ қарор дорад, он мавриди санҷиш қарор мегирад ва мусофир бо асноди зарурии ба талабот ҷавобгӯ будани он таъмин карда мешавад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста