Содироти маҳсулоти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Афғонистон оғоз гардида, ин нахустин кишвари хориҷи дур хоҳад буд, ки содироти маҳсулоти минтақа ба он роҳандозӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали роҳбари МОИ «Суғд» Ӯктам Норматов хабар дод, айни замон миёни яке аз субъектҳои минтақа ва шарикони имконпазир аз Афғонистон бобати содироти рангҳои синтетикӣ гуфтушунид меравад.
«Айни замон маҳсулоти дар минтақаи озодӣ иқтисодӣ истеҳсолшуда танҳо ба Қазоқистону Қирғизистон содирот шуда, қисмате аз он дар бозори маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешавад», - гуфт вай.
Ба гуфтаи Норматов, феълан аз 18 субъекти дар минтақа сабтшуда ҳамагӣ 6-тоаш ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ки инҳо корхонаҳои муштарак бо Полшаву, Туркия ва Кипру Русия буда, қубурҳои пластикӣ, маснуъоти рангиву лакӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, коллекторҳои обгармкуни офтобӣ ва зарфи пластикӣ барои сабзавоту мева истеҳсол менамоянд.
«Айни замон ҳаҷми сармоягузории эълоншуда дар МОИ «Суғд» ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Соли 2011 дар минтақа ба маблағи 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар семоҳаи аввали соли равон бошад, аллакай ба 3,2 млн. сомонӣ баробар шуд. Ояндаи наздик дар минтақа истеҳсоли сохтору ҷузъҳои дару тирезаҳо шуруъ мешавад», - афзуд муовини аввали роҳбари минтақа.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста