Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистонро маъқул шуморид.
Созинома дар бораи пешниҳоди бурс моҳи январи соли гузашта ба имзо расида, мутобиқи он, БОР барои татбиқи ин лоиҳа ба Тоҷикистон 120 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.
Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки барои азнавсозиву беҳбуди роҳи мошингарди мазкур 186 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.
«Дар баробари маблағҳои БОР ҳукумати Тоҷикистон низ баҳри татбиқи ин лоиҳа 39 млн. доллари ИМА маблағ ихтисос дода, дар робита ба масъалаи дарёфти маблағи боқимонда дар ҳаҷми боз 27 млн. доллари ИМА бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо гуфтушунид анҷом дода шуда, ояндаи наздик аз имзои созишномаи қарзӣ бо ин бонк барои ҷалби маблағ ба ин лоиҳа интизорӣ меравад», - иброз дошт вазири молия.
Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста