Корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ – «Тоҷиксемент» пас аз таваққуфи якмоҳа дубора ба фаъолият оғоз кард.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон кор дар ду баст ташкил гардида, ба корхона дар як соат 6 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешавад, ки барои кори танҳо як оташдон кофӣ аст.
«Бо ин миқдор гази табиӣ корхона дар як шабонарӯз 600 тонна семент истеҳсол карда метавонад», - афзуданд дар хадамоти матбуоти вазорат.
Ёдрас мекунем, ки шуруъ аз 1-уми апрел Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард, ки ин ба қатъи фаъолияти корхона боис гардида буд, зеро «Тоҷиксемент» ба сифати сӯзишворӣ маҳз гази табииро истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон байни ҶСК «Тоҷиксемент» ва ширкати «Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар он кӯмаки ҷониби Чин ҷиҳати ба истифодаи ангишт гузаронидани корхонаи «Тоҷиксемент» пешбинӣ мешавад.
Баъди боздид аз ҶСК «Тоҷиксемент», омӯзиши хатҳои технологии он ва гирифтани ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, мутахассисони чинӣ асосноккунии техникӣ-иқтисодиро доир ба масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхона таҳия ва пешниҳод хоҳанд намуд.
Қаблан, ахири даҳаи аввали ҳамин моҳ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати дигари ЧИН – ТВЕА мулоқот ороста, ба онҳо низ ҳамкорӣ дар масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаи «Тоҷиксемент»-ро пешниҳод карда буд. Он замон намояндагони Чин баррасии имконоти ҳамкорӣ оид ба ин масъаларо ваъда карданд.
ҶСК «Тоҷиксемент» корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳсулоти корхона асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо истифода мешаванд.
Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дорад.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста