Бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон дар аввали моҳи равон беш аз 4,5 млрд. сомонӣ ё худ зиёда аз 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ дар айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тули бештар аз чор соли охир мушоҳида мешавад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, алалхусус моҳҳои охир пасандозҳо дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд. «Масалан, дар моҳи марти соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 фоиз афзуд», - гуфтанд дар БМТ.
Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,5 фоиз ё 2019,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,5 фоиз ё 2520,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо бошад, дар семоҳаи якуми соли 2012 бо пули миллӣ 16,47 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 13,66 фоизи солона баробар шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста