Шуруъ аз 1-уми май Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» ба анҷоми парвозҳо тавассути хатсайри Хуҷанд-Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Хуҷанд оғоз кард. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе тариқи ҳавопаймои навъи МА-60 ба иҷро мерасанд.
Тавре аз маркази матбуоти ширкат хабар доданд, вақти парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд – 13:00, аз Кӯлоб – 15:00 ва аз Қӯрғонтеппа 16:20 дақиқа аст. «Арзиши билет аз Хуҷанд ҳам ба Кӯлобу ҳам ба Қӯрғонтеппа 60 доллари ИМА аст», - гуфтанд дар маркази матбуот.
Айни замон ҳиссаи ҳамлу нақли ширкати «Тоҷик Эйр» дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон 29,6% (470,5 ҳазор нафар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 камтар аст, вале сарфи назар аз ин, соли 2011 ҳаҷми бору мусофиркашонии ҳавопаймоҳо ба ҳисоби миёна 4,6% афзуда, даромади ширкат ба андозаи 10% зиёд гардид.
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ҳашт шаҳри Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Чин, АМА ва дар хатсайрҳои маҳаллӣ ба шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.
Ояндаи наздик ширкат ният дорад, ки ба самти шаҳрҳои Бангкок, Дубай, Деҳлӣ, Қарочӣ, Исломобод ва Сеул хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ намояд. Аз 18-уми январи соли 2012 ширкат парвозҳо ба шаҳри Истамбулро дубора аз сар гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста