Мақомоти раҳбарии вилояти Хатлон ба ҶСП «Аввалин» барои парвариши растании ширинбия дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритӯс мутаносибан 362,8 ва 469 га қитъаҳои замини иловагӣ ҷудо намуд.
Зимни вохӯрӣ бо яке аз муассисони корхонаи «Аввалин» - директори консерни ҷопонии Cokey System Co. LTD Хироши Йошида раиси вилояти Хатлон Ғайбуло Авзалов дар ин бора хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Аввалин» айни замон нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҷопон аст, ки дар он ҳиссаи Тоҷикистон 51 ва ҷониби Ҷопон 41%-ро ташкил медиҳад.
Консерни ҷопонии Cokey System Co. LTD яке аз ширкатҳои муваффақи ҷаҳон дар самти истеҳсоли маҳсулот ва доруворӣ аз решаи ширинбия аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи муштарак доир гардида буд.
Дар муддати сипаришуда аллакай беш аз 22,5 тонна решаи ширнинбия коркард шуда, 16 тонна маҳсулоти хоми аввалия ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Айни замон дар корхона 50 ҷойи кори доимӣ ва 150 ҷойи кори мавсимӣ барои ҷамъоварии ширинбия муҳайё гардидааст.
Гуфта мешавад, маҳсулоте, ки айни замон корхона истеҳсол мекунад, ашёи хоми аввалия аст. Тоҷирони ҷопонӣ ба Ғ.Авзалов ваъда доданд, ки ояндаи наздик боз як корхонаи дигар бунёд карда, дар он истеҳсоли маҳсулоти баъдӣ, яъне маҳсулоти нимтайёри доруворӣ дар асоси кислотаи глисирризин барои истеҳсоли доруҳои қиматбаҳои табобати бемориҳои ҷигарро ба роҳ мемонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста