Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11, 85 млн. доллари ИМА бурси иловагӣ ҷудо намуд. Ин қарор аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 8-уми май маъқул шуморида шуд.
Дар доираи амалисозии қисмати охири лоиҳа беш аз 200 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Фархор, Данғара, Кӯлоб ва Восеъ ба оби тозаи ошомиданӣ ва пешниҳоди хизматгузории хушсифат дастрасии беҳтар пайдо хоҳанд кард.
Тавре дар иттилоияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, воситаҳои бурсӣ баҳри рӯйпӯш кардани хароҷоти марбут ба тавсеаи фаъолияти лоиҳа дар бахшҳои таъминоти обу санитария ва ҳамчунин таҳкими имконоти зерсохторӣ ҷиҳати беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ба муддати тӯлонӣ равона хоҳанд шуд.
Ғайр аз ин, 2 млн. доллари ИМА аз ин маблағ барои амалисозии чорабиниҳои пешгирӣ ё коҳиши оқибатҳои обхезӣ дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудаанд.
Имрӯз сандуқи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 225 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ сармоягузорӣ бештар ба бахши энергетикаву таъминоти об (35%), сипас бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (31%), рушди маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (30%) ва рушди иқтисоду бахши давлатӣ (4%) сурат гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста