Зимни муаррифии барномаи USAID таҳти унвони «Озуқа ба хотири оянда» дар Душанбе муовини нахуствазири ҷӯмҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки ҳукумат ният дорад, ки маблағгузорӣ ба бахши кишоварзиро афзун намояд.
«Имрӯз бонкҳои тиҷоратӣ ба фермерон бо фоизҳои хеле зиёд қарз пешниҳод мекунанд, - гуфт вай. – Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем, ки як бонки сармоягузорӣ таъсис бидиҳем, то ки танҳо ба маблағгузории бахши кишоварзӣ машғул бошад».
Ба гуфтаи М.Алимардон, айни замон дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ислоҳот идома дошта, ҳукумат дар ҳамдастӣ бо шарикон оид ба рушд, аз ҷумла USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар ноил гардад ва кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намояд.
«Имрӯз деҳқони тоҷик дилхоҳ зироатро кишт ва ба киву кай фурӯхтанашро худаш муайян месозад. Моро зарур аст, ки ӯро бо маълумот ва зербинои зарурии тиҷоратӣ таъмин намоем», - иброз дошт вай.
Муовини нахуствазир ҳамчунин гуфт, заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон ҳамагӣ 7%-ро ташкил дода, 70%-и аҳолӣ дар деҳот ба сар мебарад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста