Рӯзи панҷшанбе Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани бурси навбатӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид.
Тавре дар иттилоияи бонк хабар дода мешавад, маблағи мазкур ба амалисозии лоиҳа оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва беҳбуди муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ равона мегардад.
Дар иттилоия зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур ба содакунии тартибот оид ба сабти тиҷорат ва дастрас кардани иҷозат барои сохтмон, беҳбуди зербинои молиявӣ барои таъмини дастрасии беҳтар ба хизматгузориҳои молиявӣ ва ҳамчунин мусоидат ба рушди саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ, ки Тоҷикистон дар он афзалият дорад, нигаронида шудааст.
«Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бахши хусусӣ дар модели нави рушди кишвар бояд пешсаф бошад ва Бонки ҷаҳонӣ ин назарро пурра дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи мазкур ба соҳибкорон баҳри осон кардани ҷараёни ифтитоҳи тиҷорати нав ва сарфаи вақт кӯмак хоҳад расонид», - иброз дошт намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Марша Олив.
Дар бонк муътақиданд, ки дар натиҷаи амалисозии лоиҳа ва ба туфайли ҷорисозии «равзанаи ягона», ки мустақиман дастрас хоҳад буд, соҳибкорони Тоҷикистон бо осонӣ тиҷорати худро ба қайд гузошта, дар фурсати наздиктарин барои сохтмон, дастрасӣ ба хизматгузориҳои молиявӣ ва ғайра ноил хоҳанд шуд.
Дар бахши саноати кӯҳкорӣ лоиҳа ба бунёди заминаи бештар мусоиди ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии сармоягузориҳои нав, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва пешниҳоди имконоти нав барои аҳолии маҳаллӣ равона гардидааст.
Имрӯз сандуқи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 225 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ сармоягузорӣ бештар ба бахши энергетикаву таъминоти об (35%), сипас бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (31%), рушди маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (30%) ва рушди иқтисоду бахши давлатӣ (4%) сурат гирифтааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста