Ширкати бритониёии Kryso Resources ният дорад, ки ахири соли равон дар кони «Пакрут»-и ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тило оғоз кунад.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии корхонаи фаръии ширкат - ҶДММ «Пакрут» Абӯалӣ Исматов изҳор кард, ки ширкат барои истеҳсоли тило дар кони мазкур соли 2012 иҷозатнома гирифта, он то соли 2030 пешбинӣ мешавад.
«Феълан захираҳои истеҳсолии кони «Пакрут» беш аз 100 тонна тилоро ташкил дода, минбаъд ин нишондиҳанда шояд боз бештар гардад», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал ширкат ният дорад, ки дар муддати 4 сол ҳамасола 2 тонна тило истихроҷ намояд ва тадриҷан ин ҳаҷм зиёд хоҳад шуд.
«Айни замон барои рушди корхона 108 млн. $ маблағ зарур аст ва дар сурати боқӣ мондани нархи тило дар сатҳи 1 ҳазору 250 доллари ИМА барои 1 унсия, корхона дар муддати 2,7 сол худкифо хоҳад шуд», - афзуд номбурда.
Саргеологи ҶДММ «Пакрут» Мираҳмад Умаров мегӯяд, корхона минбаъд даромади хуб ба даст хоҳад овард, зеро дар ин кон ба ҳисоби миёна дар таркиби як тонна маъдан то 4,43 грамм тило дарёфт кардан имконпазир аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар миқёси ҷаҳон дар ҳолати дар 1 тонна маъдан мавҷуд будани 0,8 грамм тило, он кон ояндадор шуморида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста