Дар доираи баргузории Ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматӣ лоиҳаи "CASA-1000" ва сафари худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҷумла бо Раиси гурӯҳи ширкатҳои «Ал-Шафар» - шайх Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Шафар, Раиси гурўҳи ширкатҳои «Amanie Advisors» - доктор Монд Довуд Бакр, намояндаи агентии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) бо идораи асосӣ дар Абу Даби – Йонг Ченг ва дигар сармоягузорон ва донорҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ имконияти ҷалби сармоя ба соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, бахусус бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваву сабзавот, пахта, пўст, пашм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавҷуд будани ашёи хом, аз ҷумла пахта, ки заминаи асосӣ барои рушди коркарди ин қабил маҳсулот мебошад, барои ташкили чунин корхонаҳо мусоидат хоҳад кард.
Сармоягузорон ва ширкатҳои кишварҳои араб иброз доштанд, ки бо мақсади омўзиш ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикргардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста