Аз оғози сол нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 10% поин рафт.
Бино ба маълумоти мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ахири моҳи декабри соли 2011 арзиши 1 литр бензини навъи Аи-92 ба 6,75 сомонӣ ва Аи-95 ба 7,50 сомонӣ баробар буд. Айни замон арзиши онҳо мутаносибан то 6,20 ва 6,60 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, арзиши бензин аз оғози сол тамоили пастравӣ доштааст. Масалан, ахири моҳи феврал нархи миёнаи бензин дар пойтахт аз 6,80 сомонӣ зиёдтар набуда, моҳи март бошад, он боз 10 дирам коҳиш ёфтааст.
Тавре аз Хадамоти зиддиниҳисории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, сабаби коҳиши нархи бензин мувозинати талабот ва пешниҳод дар бозор аст. «Сабаби асссии пойинравии нархи бензин ҳархеласозии манбаъҳои воридот ва коҳиши истифодаи маводи сӯзишворӣ мебошад. Ба гунаи мисол, аксари автомашинаҳо айни замон ба истифода газ мегузаранд. Ғайр аз ин, ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон афзоиш ёфта, истеъмолгарон низ ба истифодаи сарфакоронаи бензин пардохтаанд», - гуфтанд дар хадамот.
Дар хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор карданд, ки ояндаи наздик дар бозори ҷумҳурӣ камбуди маводи сӯзишворӣ пешбинӣ намешавад, ки он низ ба коҳиши арзиши он таъсиргузор аст. Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи бензин дар Тоҷикистон аз ҳама баландтарин аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста