Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро тасдиқ намуд. Созишномаи мазкурро ҷонибҳо ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба имзо расонида буданд.
Зимни шарҳи муҳтавои шартнома ба вакилон муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳмов қайд кард, ки бо назардошти хусусиятҳои техникӣ, муҳлати ҳадди ниҳоии истифодаи таҷҳизоти мазкур 35 солро ташкил дода, он дар нерӯгоҳ соли 1982 насб гардида буд. «Ғайр аз ин, замини зери дастгоҳи мазкур мавриди таҳшиншавӣ қарор гирифтааст, ки метавонад ба пурра корношоям гардидани дастгоҳ пас аз 2-3 сол боис гардад», - гуфт вай.
Ба гуфтаи Раҳимов, БОР баҳри атабиқи лоиҳа 54,7 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. «Тибқи натоиҷи тендер ширкати олмонии «Аустон» паймонкори кулли лоиҳа интихоб шуда, он ба анҷоми амалисозии лоиҳа то ахири соли 2013 уҳдадор шуд», - таъкид дошт номбурда.
Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов лоиҳаи «Азнавсозии дастгоҳи кушоди тақсимотии 500 кВ дар НБО-и «Норак»-ро барои таъмини минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва корхонаи «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) муҳим арзёбӣ намуд. «Ғайр аз ин, бидуни амалисозии лоиҳаи мазкур татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-100 ҳеҷ маъное надорад», - афзуд раиси ҲКТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста