Рӯзи 25-уми май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи 41-уми Шӯрои эергетикии ИДМ ба кор оғоз мекунад. Тоҷикистонро дар кори Шӯрои мазкур раиси Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров намояндагӣ мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, натиҷагирӣ аз фаъолияти низоми миллии энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар мавсими тирамоҳу зимистони давраи солҳои 2011-2012 ва баррасии мушкилоти фаъолияти мувозии низоми энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт.
Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви иттиҳод дар танзими коҳиши ғайринақшавии интиқоли нерӯи барқ ва иқтидори он, омода кардани Меморандуми ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Шӯрои электроэнергетики ИДМ ва Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва ғайра дар назар аст.
Шӯрои электроэнергетики ИДМ ва мақомоти кории он – Кумитаи иҷроия мутобиқи Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносиботи байнидавлатӣ дар бахши электроэнергетикаи ИДМ таъсис ёфтааст, ки он моҳи феврали соли 1992 аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИДМ ба имзо расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста