Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, ҷаласа таҳти дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҷиҳати ҷалбнамоӣ ва фаъолияти шарикон оид ба рушд дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Ивар Викки, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои муқими ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамоҳангсоз асосан масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1. Маълумоти мухтасар оид ба тадбирҳои анҷомдода ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 сентябри соли гузашта дар шаҳри Қайроқум баргузор гардида буд ва ҳамчунин ифтитоҳи намояндаи консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар вилояти Суғд; 2. Муаррифӣ ва иттилоот оид ба корҳои анҷомдода ва монеаҳои мавҷуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим». 3. Суханронии намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта ва ҳуҷҷатгузорӣ.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 субъект, дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 5 субъект ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2 субъект ба қайд гирифта шудааст. Маблағи умумии сармояе, ки онҳо мутобиқи нақшаи тиҷоратӣ бояд ворид намоянд, бештар аз 70 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста