Маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон – 9-уми сентябр баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бо назардошти мушкилоти пайдошуда дар сохтмон, аз ҷумла фурӯравӣ ва лағзиши кӯҳпораву хок, лозим омадааст, ки санаи ба истифода додани иншоот аз моҳи июн, дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ба моҳи сентябри соли равон мавқуф гузошта шавад.
«Чорабиниҳои асосӣ дар мавриди ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан доир мегарданд, - гуфт ӯ. – Дар Истаравшан сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ буда, ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст».
Номбурда ҳамчунин гуфт, тибқи нақшаи пешбинишуда, дар ноҳияҳои Айниву Шаҳристон низ оид ба дар сатҳи зарурӣ доир намудани маросими ба истифода додани нақб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.
Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста