Тоҷикистон ба Қирғизистон барои интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути зеристгоҳи «Ойгул-Тош» шароит фароҳам меоварад, - гуфт зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натоиҷи сафар ба Туркманистон, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов.
Бино ба маълумоти хабаргузории Tazabek.kg, ин масъаларо ӯ бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов баррасӣ кардааст. «Ман ба Вазорати энергетикаву саноат дар ин хусус супориш додам. Ояндаи наздик дар ин бора гуфтушунидҳо оғоз мегарданд. Ин боз як имконияест барои интиқоли барқ ба хориҷи кишвар», -- изҳор доштааст ӯ.
Қирғизистон ва Тоҷикистон масъалаи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВт аз зеристгоҳи «Ойгул-Тош» дар вилояти Ботканд то зеристгоҳи «Конибодом» дар вилояти Суғдро баррасӣ карданд.
Дар шарҳи ин масъала дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор карданд, ки дар масъалаи содироти барқи Қирғизистон тавассути зеристгоҳи «Ойгул-Тош» ба Афғонистон сухан сари ба истилоҳ ҷойивазкунӣ меравад, зеро ин тарзи содирот пешбинӣ мекунад, ки Қирғизистон ҳаҷми муайяни барқро ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ интиқол медиҳад ва сипас Тоҷикистон дар навбати худ, ин миқдорро ба Афғонистон интиқол хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста