Дар музокироти парлумонӣ бахшида ба масоили иҷрои буҷети давлатӣ дар 5 моҳи соли равон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки то ахири сол ҳукумат ба маблағи беш аз 102 млн. $ созишнома ба имзо расониданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири молия зикр кард, ки дар зарфи 5 моҳи соли равон ба маблағи 220 млн. сомонӣ 4 созишномаҳои қарзӣ ва бурсӣ ба имзо расиданд, ки 80%-и онҳоро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд.
«Дар навбати худ раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон Сафаралӣ Раҷабов иброз дошт, ки дар ин давра буҷети давлатӣ ба андозаи 103 дарсад ба иҷро расидаааст. «Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 3,4 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид», - гуфт ӯ.
Сафаралӣ Раҷабов ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҷараёни тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳаҷми 65,8 млн. сомонӣ зарар ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,1 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 42 млн. сомонӣ аллакай барқарор карда шудааст.
«Зикр гардид, ки камбудиҳои молиявӣ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 6 млн. сомонӣ, Вазорати маориф дар ҳаҷми 4,3 млн. сомонӣ ва вазоратҳои тандурустиву энергетика ва саноат ошкор шудаанд», - таъкид карданд дар хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста