Ахири ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» раиси яке аз бонкхои бузурги тиҷоратии Тоҷикистон Фаррух Тағоймуродов аз мансаб сабукдӯш карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз низоми бонкии ҷумҳурӣ хабар дод, Алишер Солиев, собиқ директори департаменти сармоягузории хориҷии Бонки миллии Тоҷикистон, писари собиқ раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев, раиси нави бонк таъин шуд.
Дар ҳамин ҳол, аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, маълумот дар бораи тағйирот дар мақомоти раҳбарии бонк ояндаи наздик пас аз мувофиқасозии дахлдор интишор хоҳад шуд. «Алҳол дар робита ба ин масъала мо чизе гуфта наметавонем», - гуфтанд дар бонк.
Дар Маҷлиси умумии саҳҳомони бонк ҳисоботи молиявии солонаи ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли 2011 аз ҷониби саҳомони Бонк бо як овоз тасдиқ гардид. ҶДММ «Грант Торнтон, Тоҷикистон»-ро, ки узви Grant Thornton International Ltd мебошад, ба сифати аудитори ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли молиявии 2012 тасдиқ шуд.
Инчунин дар Маҷлиси умумии солонаи саҳомони Бонк масъалаҳои ташкилӣ ва дигар масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис баррасӣ гаштанд ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
ҶСК «Агроинвестбонк» 14 феврали соли 1992 дар асоси созишномаи муассисон, дар заминаи Бонки саҳомии тиҷоратии агросаноатии Агропромбонки Иттиҳоди Шӯравӣ, Бонки ҷумҳуриявии саҳомии тиҷоратии агросаноатӣ ташкил ёфта, 22 феврали соли 1992 дар конфронси муассисон бонки мазкур ба Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии «Шарқ» (БСТАС «Шарқ») табдил дода шуд. Санаи 12 августи соли 2009 дар ҳаёти ҶСК «Агроинвестбонк» воқеаи фаромўшнашавандаи таърихие рух дод. Дар шаҳри Душанбе байни ҶСК «Агроинвестбонк» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт (БАТТ) созишнома оид ба ворид шудани БАТТ ба сармояи Бонк ба имзо расид. 28 октябри ҳамон сол, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ба суратҳисоби ҶСК «Агроинвестбонк» 11,5 млн. доллари ИМА (50 млн. сомонӣ) гузаронида, 25% + 1 саҳмияи бонкро харидорӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста