Рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Вазорати индустрия ва технологияҳои навини Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода шуд.
Дар кори ҳамоиш муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулчеҳра Бозорова, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Агибой Смагулов, муовини раиси раёсати ҶС Корпоратсияи содиротӣ-қарзии бимаи «KazExpoGarant» Гулнора Ҳасанова, мудири идоракунандаи хадамоти пешбурди содироти «Kaznex Invest» ва ҳамчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия, Афғонистон, Эрон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш намояндагони ширкатҳову корхонаҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди Қазоқистон, аз қабили «Kaznex Invest», ҶС Корпоратсияи содиротӣ-қарзии бимаи «KazExpoGarant», «КазКомБанк», ҶС «Локомотив», Ҷамъияти шариконаи масъулияти маҳдуди (ҶШММ) Каз Азот», ҶС «Южно-казахстанский машиностроительный завод», ҶШММ «Кондитерская фабрика», ҶШММ «Корона», ҶС «Химфарм» ва ғайра ҳузур доштанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони беш аз 100 корхона, ки ба харидани маҳсулоти тайёри ширкатҳои қазоқистонӣ манфиатдоранд, иштирок намуданд.
Созмондиҳандагони чорабинӣ зикр карданд, ки баргузории ҳамоиши ҳамасолаи тоҷирони Қазоқистону Тоҷикистон ба талаботи зиёд ба маҳслоти корхонаву ширкатҳои Қазоқистон марбут аст. «Дар муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ба рушди босифат ва густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад», - таъкид доштанд онҳо.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулчеҳра Бозорова зикр кард, ки Қазоқистон яке аз шарикони бузурги тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон аст. «Дар муқоиса бо соли 2009-ум соли 2011 ҳаҷми содироти маҳсулоти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 49% ё худ аз 240,3 млн. $ то ба 357,4 млн. $ афзуд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда дар ин давра 46% зиёд шуд», - таъкид кард Г.Бозорова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста