Соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.
Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов изҳор кард, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд. М.Неъматов зикр кард, ки то оғози буҳрони ҷаҳонии молӣ ҳамасола то 450 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид мекарданд. «Аммо бо оғози буҳрон шумори сайёҳон ба таври назаррас коҳиш ёфта, соли гузашта 250 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омаданд», - гуфт ӯ.
Раиси кумита таъкид кард, ки ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, дар кишвар ҳадди ақал 500 доллари ИМА хароҷот мекунад ва агар инро ба 200 ҳазор нафар ҳисоб кунем, иқтисоди ҷумҳурӣ ҳамасола то 100 млн. доллари ИМА маблағ ба даст оварда, он ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. «Тайи солҳои ахир ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди зерсохтори минтақаҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад», - изҳор дошт вай.
Ба қавли Неъматов, айни замон дар Тоҷикистон 75 адад ширкати сайёҳии ватанӣ фаъолият доранд. «Албатта, имконоти кадриву молии ин ширкатҳо ҳанӯз кофӣ нест, - гуфт ӯ. – Феълан онҳо ба хизматгузории ҳамагӣ 5-10%-и сайёҳоне, ки ба кишвар меоянд, имкон доранд. Мо хоҳони онем, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳие арзи вуҷуд кунанд, ки дорои нақлиёти зарурии заминӣ ва ҳавоии худ бошанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста