Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо – Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд бо иштироки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар он баррасии рафти таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи рушди Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва қадамҳои минбаъда баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласаро бо суханони муқаддимавӣ Муовини Вазир, У.Давлатзод ифтитоҳ намуд. Ҳамзамон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Ф.Ҳамралиев дар мавриди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишвар изҳори ақида намуда, шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро ба фаъолияти босубот дар ин самт даъват намуд.
«Дар рафти ҷаласа ҳамчунин аз ҷониби коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои мунтазам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва инкишофи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал манзур гарди», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки натиҷаҳои муҳокимаҳо дар доираи ҷаласаи муштарак омодагии мақомоти давлатии мамлакат ва шарикони рушд, ҳамчунин ширкати онҳоро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ин самт нишон дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста