Изҳороти Ӯзбекистон роҷеъ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Тоҷикистон ва ба инобат нагирифтани уҳдадориҳо дар назди Бонки ҷаҳонӣ асоси воқеӣ надоранд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов.
«Он ҷо танҳо корҳои барқароркунӣ идома дошта, ҳеҷ як иншооти наве сохта намешавад», - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар баробари бинокорон коршиносони мустақили байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои баҳодиҳӣ ба лоиҳа киро шудаанд, низ фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, Н.Саидов таъкид кард, ки соли равон барои бунёди сарбанди нерӯгоҳ маҷрои дарёи Вахш баста намешавад.
«Пеш аз бастани маҷрои рӯдхона, пурра ва босифат анҷом додани сохтмони ду нақби обпарто зарур аст, - қайд кард ӯ. – Айни замон корҳои сементкунии такрории деворҳои нақб ба сомон расонида мешаванд. Ин вақти зиёд ва маблағҳои иловагиро талаб мекунад, аммо корҳои мазкур, ки шояд то ахири сол ҳам анҷом наёбанд, ба устувории ин иншоот эътимод мебахшанд».
Ба қавли ӯ, ҳамчунин то ҳол корҳои асосӣ дар дохили толорҳои мошиниву трансформатор ба итмом нарасидаанд. «Мо аввал ин корҳоро бояд бо сифати хуб анҷом дода, сипас ба бастани маҷрои дарё шурӯъ намоем», - изҳор дошт Н.Саидов.
Ба қавли номбурда, таҷҳизот барои ду агрегати нерӯгоҳ қариб пурра дастрас шудааст. «Мо бо корхонаи истеҳсолкунанда мувофиқа ҳосил кардем, - иброз дошт ӯ. – Айни замон таҷҳизоту қисмҳои боқимонда тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ оварда мешаванд. Ҳамлу нақли бор тавассути ин навъи нақлиёт албатта, хароҷоти иловагиро тақозо мекунад, лекин мо илоҷи дигар надорем. Бо сабабҳои маълум тариқи нақлиёти роҳи оҳан интиқол додани таҷҳизот тавассути қаламрави Ӯзбекистон ғайриимкон аст».
Н.Саидов афзуд, айни замон дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо шумули хориҷиён беш аз 8 ҳазор нафар машғули коранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста