Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 431,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 218 млн. $ ё худ 9,8% зиёдтар аст.
Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор крдд, ки аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ 2 млрд. 766,6 млн. доллари ИМА ба воридот ва 664,9 млн. доллари ИМА ба содирот рост меояд. «Ҳаҷми воридот нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта ба миқдори 15,7% ё худ қариб 240 млн. доллари ИМА афзуд», - гуфт ӯ.
Ҳамин тариқ, ба номгӯи маҳсулотои асосии содиротӣ чун анъана алюминий – 44,1%, нахи пахта – 17,8% ва маҳсулоти сабзавотӣ – 2,8% дохил шудаанд. Дар сохтори воридот маҳсулоти нафтӣ – 11,1%, гилхок – 7,7%, орд – 3,9%, гандум – 4,1%ро ташкил додаанд.
Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳои зерин мебошанд: Туркия – 36,8%, Чин – 19%, Афғонистон – 8%, Қазоқистон – 7,9%, Швейтсария – 6,9% ва Русия – 6,3%.
Воридоти мол асосан аз Русия – 24,4%, Қазоқистон – 16,1%, Чин – 10,5%, Аморати Муттаҳидаи Араб – 5,6%, Эрон – 4,4% ва дигар кишварҳо сурат гирифтааст.
Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ба буҷети давлатӣ 1 млрд. 279,1 млн. сомонӣ маблағ ворид намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста