Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои санҷиши рафти корҳои барқароркунӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба Душанбе меоянд.
Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки як ҳайати мутахассисони БҶ ҳафтаи гузашта ва ҳайати дигар имрӯз ба Душанбе меоянд.
«Пагоҳ, 24-уми июл, онҳо аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намуда, пас аз шиносоӣ бо он ба ҳукумат хулосаи худро пешниҳод месозанд», - гуфт ӯ.
Дар робита ба масъалаи коҳиши шумори коргарони нерӯгоҳ, ки чанде қабл ба журналистон вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон хабар дода буд, вазир гуфт, дар ин хусус ҳеҷ маълумоте надорад.
«Бо масъалаи назорати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» сохтори дигар машғул аст, ки мустақиман ба нахуствазир тобеъ мешавад, - гуфт вай. – Дар бораи коҳиш ё зиёд кардани шумори бинокорон пас аз хулосаҳои намояндагони Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифта хоҳад шуд».
Дар ҳамин ҳол, муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз ба рӯзноманигорон изҳор кард, ки маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» тибқи реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
«Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи нақша ба сохтмони ин иншоот 566 млн. сомонӣ равона гардид. Дар маҷмӯъ, то ахири сол ҷудо кардани 1,1 млрд. сомонӣ (беш аз 230 млн. доллари ИМА) пешбинӣ мешавад. Айни замон созишномаҳои баимзорасида бо паймонкорон ва боррасонон оид ба ин иншоот амал мекунанд. Аз ин рӯ, корҳои барқароркунӣ тибқи реҷаи муқаррарӣ идома доранд», - гуфт ӯ.
Нуралиев афзуд, натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бояд моҳи майи соли оянда ба итмом бирасанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста