Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 4,4 млн. кВт/соат ва соли равон дар маҷмӯъ беш аз 245 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ.
Ба гуфтаи вазир, интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамҷавор тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ-Қундуз, ки соли гузашта ба истифода дода шуда буд, сурат гирифта, ҳамчунин дар ҳаҷми начандон зиёд ширкати «Помир-Энерҷи» низ минтақаи Бадахшони Афғонистонро бо барқ таъмин мекунад.
«Дар мавсими тобистон мо ба интиқоли то 600 МВт нерӯи барқ ба Афғонистон омодаем, лекин мавҷуд набудани хатҳои интиқоли барқ дар кишвари ҳамсоя ба ин имкон намедиҳад, - изҳор кард Гул Шералӣ. – Айни замон дар Афғонистон камбуди шадиди барқ эҳсос шуда, норасоии он дар шаҳрҳои Кобул қариб 100 МВт ва Қандаҳор беш аз 400 МВт-ро ташкил медиҳад».
Ба қавли номбурда,айни замон бо дастгирии молиявии ИМА корҳои сохтмони хатти интиқоли барқ ҷараён дорад, ки хатти интиқоли барқи Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ-Қундузро бо шабакаи барқии шаҳри Кобул мепайвандад ва бо анҷоми ин корҳо метавон ба таъмини пойтахти Афғонистон бо нерӯи барқи Тоҷикистон шурӯъ кард.
Гул Шералӣ афзуд, феълан ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон низ нерӯи барқ интиқол дода мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста