Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Сохтмони терминали нави фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз имзои қарордод бо паймонкори нав, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, оғоз мегардад.
Зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки барои муваффақона ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мазкур бо ширкати «VINSI»-и Фаронса қарордоди нав ба имзо мерасад.
«Айни замон дар ҳамдастӣ бо мутахассисони ин ширкат оид ба масоили иншооти сохтмонӣ, алоқа, коммуникатсия, таъмини амният ва реҷаи корҳои сохтмонӣ гуфтушуниду машварат идома дошта, пас аз имзои қарордод корҳои сохтмони терминали нав шурӯъ мешаванд», - гуфт вай.
Дар робита ба қарордоди қаблӣ миёни ширкати «Sofema Alfa Airport» ва фурудгоҳ Холиқов гуфт, моҳи майи соли равон оид ба бекор сохтани қарордод байни ҷонибҳо тафоҳумнома ба тасвиб расидааст.
Дар идомаи масъалаи сохтмони терминали нави қабулу гусели мусофирон номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии маблағи сохтмон тағйир ёфтааст. «Ҷониби Фаронса чун пештара 20 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад, ҳаҷми маблағгузории Тоҷикистон бошад, аз 7 млн. то ба 19 млн. Евро зиёд мешавад. Акнун арзиши умумии лоиҳа беш аз 39 млн. Евроро ташкил медиҳад», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста